Умри ман қурбони он соат, ки аз бӯсу канор

Ҷони ман қурбони як хандидану нозиданат,
Лаб ба лаб бинҳодану аз шӯри дил ларзиданат.
Умри ман қурбони он соат, ки аз бӯсу канор
Бо ҳавои зарби дил болидану рақсиданат.
бахти ман қурбони он фурсат, ки дастони сафсд,
То налечй дар бало, дар гарданам печиданат.
Рӯзи ман қурбони он муддат, ки дар оғӯши шавқ
Аввалан шӯриданат в-аз оқибат тарсиданат.
Ганҷи ман қурбони он давлат, ки аз ман бо итоб
Барабас ранҷиданат, з-он пас маро санчиданат.
Шеъри ман қурбони он сарват, ки аз девони ман
Байтхое хондану дар худ наёромидана!
Буди ман қурбони он химмат. ки бар ман бедареғ
Он чй муқри зиндагӣ буд, ройгон бахшиданат…
1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед