УМРИ ОДАМ
Зиндагонӣ, эй азизон, ак дам аст,
Нақши ӯ мисли дурахши шабнам аст.
Аз тамоннои ҷафокори фалак
Ҳар нафас аз бандагии одам аст.
Ҳастии мо — одамон ба рафтаан аст,
Умри одамро, ки бинӣ, як дам аст.
Ҳастии моро бувад бувад анҷом марг,
Баргу бори шодии мо мотам аст.
Бас ки инсон аз азал бо бандагист,
Кулли инсонн дар толаши як дам аст.
Олами моро, ки мебинӣ, сахост,
Лек дар асли сахо бешу кам аст.
Ҳайфи умри рафтагон, Мирзо Ғафур,
Зиндагӣ дар ҳастии худ марҳам аст.
Шарҳи худро нависед