УМРРО БИКОҲОНАД
Умри мардумро бикоҳад панҷ чиз,
Ёдгираш, чун шунидӣ, эй азиз.
Шуд яке з-он панҷ дар пирӣ ниёз,
Пас ғарибӣ в-он гаҳе ранҷи дароз.
Ҳар кӣ ӯ бар мурда андозад назар,
Умри ӯ бешак, бикоҳад, эй писар.
Панҷ омад тарсу ваҳм аз душманон,
Умрро инҳо ҳаме дорад зиён.
Ҳар кӣ ӯ аз душманон тарсон бувад,
Кори ӯ ҳар лаҳза дигарсон бувад.
Аз худо тарсу матарс аз душманон,
К-аз ҳама дорад худоят дар амон.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед