Ҳурмати падару модар

Ба пирӣ хидмати модар, падар кун.
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун!
Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки гар ёби замон, гардӣ ту ҳам пир.
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат.
Биҷӯ дилшон ба хулқу хубрӯӣ,
Ки ин аст, эй бародар, некхӯӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед