ҒУРУРИ РУСТАМ

Ман гардани адовати шайтон шикастаам,
Ман мухраи сиёсати шоҳон шикастаам.
Бо гурзи тобдори худ фирӯз будаам,
Бо мушти обдори худ сандон шикастаам.
Бо рӯҳи бешикасти худ дар дашти разму кин
Ковусро зи чанги асорат раҳондаам.
Ӯ худ касе набуд, ки бошад сазои тахт,
Аммо манаш ба маснади Эрон нишондаам.
Парвози ӯ ба осмбн чун мурғи хонагй
Кӯтоҳ буду дар сараш бЪди ғурур буд.
Медид ӯ зи шонаи ман дуртар, вале
Бе чашми ман ду дидаи бинош кӯр буд.
Ман дар мурури қисмати пирӯзманди хеш
Бар хар балову хар қазо пирӯз будаам.
Аммо даме ки эҳтиёҷ аз доманам гирифт.
Арзи нийз бар дари Ковус бурдаам.
Як бор дар иродатм худ хурдаам шикасл
Дар р’ и дастхои ман Суҳроби нозанин
Меканд ҷону аз падар шафкдт умед дошт,
Мемонд доғн хуни ӯ бар домани замин..
Як катра нӯшдору зи Ковус хостам,
Ӯ дар ҷавоб хашми буранда зи теғ дошт.
Суҳроб то бимираду ман ҳам ба доғи ӯ,
Як қатра нӯшдоруяш аз ман дареғ дошт.
Он рӯз буд аввалин рӯзи шикасти ман.
Дарёфтам, ки мардумй осон набудааст.
Бардоштам ғирев ба Ковус аз ҷигар:
«Ҷони ту ҷону ҷони касе ҷон набудааст?!
Ман баҳри ту зи ҷони худ кардам басе гузар,
Ман баҳри ту зи оташи сӯзон гузаштаам.
Аз баҳри тоҷу тахти ту, к-арзандаи ман аст,
Аз коми шеру ханчари буррон гузаштаам.
На молу ҷоҳ ҷустаам, на маснади баланд,
3-инҳо баланд будаам ман бо ғурури хеш.
Хоки Ватан набуд ағар пушту паноҳи ман,
Кай ифтихор кардаме танҳо ба зӯри хеш?!
Бо ин ҳама ғурур надонистаам, дареғ,
Дар давлатат тараҳҳу ме арзон набудааст.
Бо ин ҳама ғурур надонистаам, дареғ,
Ҷони ту ҷон} ҷони касе ҷон набудааст…
Ин аввалин шикасти ман дар корзорҳо
Аз дасти туст, аз дили бемуддаои туст.
Пирӯзӣ аз ман асту зи Эрони зиндадил,
Нафрини ман ба ҳастии бемуттакои туст!»
Бо ин ҳама диловарӣ донистам, эй дареғ:
Дарде намекушад маро, бедардӣ мекушад.
Мардонагист ҳар куҷо, фирӯз мешавам,
Мардӣ намекушад маро, номардй мекушад…
1976

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед