Урён будан

Тасхири акси рӯйи ту дил чун ҳавас кунад,
d шавад, чун сина, ҳифзи нафас кунад.
Аз худ бурун барой, макун паҳн доми зарқ,
Дар хона анкабут шиқори магас кунад.
Аз золимон маҷӯй зи беқувватӣ мадад,
Кай оби теша тарбияти хору хас кунад?
Шоҳон бо кӯчаи дили аҳли ҷунун раванд,
Дар шаҳри мо карим гадой ҳавас кунад.
Сели балост қофиларо бонги бемаҳал,
Раҳзан далели худ зи навои ҷарас кунад.
Эй Сайидо, зи сина бикун оҳро бурун,
Парвонаро надида касе дар қафас кунад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед