Ҳушёриро аз даст надиҳед Волидайни гиромӣ!

 Ҷамъият аз шахсиятҳои гуногун иборат мебошад ва ҳар як одам нигоҳу рафтори хоси худро дорад. Гарчанде қонунгузорӣ бар хилофи савдои одамон мавҷуд бошад ҳам, вале ба пуррагӣ риоя кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар амал имконнопазир аст.
Бинобар ин Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, ки бахши Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои марбут ба савдои одамон пайваста чораҷӯӣ намуда истодаанд.
Агар Шумо аз чунин амалҳои номатлуб хабардор шудед пас фавран ба рақамҳои телефонии зер хабар диҳед ё худ тариқи паёмрасонҳои WhatsApp, Viber, Telegram тамос гиред.
(+992) 980 105 555
(+992 37) 227 07 07
Маълумоти бештар вобаста ба савдои одамон дар сомонаи «Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон» бо суроғаи https://antithb.tj/tj/ дастрас аст.


Шарҳи худро нависед