ҲУСНИ ЗАМИН

Гулҳо ҳусни заминанд,
Базебу нозанинанд.
Боғу саҳрову кӯҳсор,
Раставу лаби ҷӯбор,
Бо гул чунин хушрӯянд,
Рангорангу хушбӯянд.
Ҳар гул дорад ба худ ном,
Ҳам одату ҳам маром.
Лек ҳама меҳрубонанд,
Дӯсти — мо бачагонанд.
Биё, тамошо равем,
Ба сайри гулҳо равем,
Дар бари гулҳо шавем,
Бо ҳам шиносо шавем.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед