Ва ё аз ҷаври чархи осмон мурд

Диламро мехурад ҳар дам ғами ишқ,
Даме беҳамдамам созад дами ишқ.
Намедонист олам аз вуҷудам
Намебудам агар дар олами ишқ.
Чӣ гӯям, дафтарам холист имшаб,
Ҳама бому дарам холист имшаб.
Дилам холӣ, сарам холист имшаб,
Ки ҷои дилбарам холист имшаб.
Басе бигзаштаам баҳру бари дил,
Гаравгон дода сар баҳри сари дил.
Вале бо ин ҳама дородилиям
Гадоӣ кардаам пушти дари дил.
Зи ҳусни туст ҳусни орзуям,
Ба кӯи туст роҳи ҷустуҷӯям.
Агар пурсандаҳо фардо бипурсанд
Ба ҷои номи худ номи ту гӯям.
Зи ишқи хонуме бехонумонам,
Агарчи дар замонам, безамонам.
Замину осмонам буд вақте,
Дареғо, безамину осмонам.
Маро як ишқ сад дунё бубахшад,
Маро як ҷом сад дарё бубахшад.
Зи сар то по гунаҳкорам гар имрӯз,
Гунаҳҳои маро фардо бубахшад.
Гаҳе дар худ кабирам, гаҳ сағирам,
Гаҳе худро амирам, гаҳ асирам.
Маро то он ки аз дунё барад марг,
Ман андар худ, ман андар худ бимирам. 
Ту будӣ як замон дар синаи ман,
Зи кулли насяҳо накдинаи ман.
Шиносам то дили худрову худро
Ту будӣ рӯ ба рӯ оинаи ман.
Дилам оҳанги мастӣ дорад имшаб,
Ки нақди ганҷи ҳастӣ дорад имшаб.
Дилам аз сина берун мегурезад,
Ки қасди дилпарастӣ дорад имшаб.
Ту, эй шеъри равони ман, куҷоӣ?
Ту, эй тобу тавони ман, куҷоӣ?
Маро пирӣ ба чанги худ гирифтаст,
Ту, эй ёри ҷавони ман, куҷоӣ?
Ду чашмаш чун шафақ сӯям нигаҳ кард,
Мани беҷурмро ғарқи гунаҳ кард.
Наменолам ман аз чархи сияҳкор,
Сафедандомаке рӯзам сияҳ кард.
Дуоят мекунам: фархунда бошӣ,
Ҳамеша бо лаби пурханда бошӣ.
Ба он ҳусни паямбарофаринат
Маро куштӣ, илоҳӣ зинда бошӣ!
Намехоҳам, ки аз кулфат бимирам,
Ва ё аз роҳати улфат бимирам.
Чу аз хуршеди рӯят сӯхтам ман,
Биё, дар сояи зулфат бимирам.
Нагӯед ӯ ҷавон буду ҷавон мурд,
Ва ё аз ҷаври чархи осмон мурд.
Ба санги гӯри ман, ёрон, нависед,
Ки Лоиқ лоиқи шеъри замон мурд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед