ВАЪДА

96_main

Сардори мо ба минбар,

Баромад бо карру фар.

Халтаи гапро кушод

Ваъдаи бисёре дод:

— Мо барои бачагон

Созем боғи калон,

Ҷояш ҳамворӣ бошад,

Гулу гулкорӣ бошад,

Дар як тараф арғунчак,

Гарданда чархи фалак,

Азбозии бачаҳо

Ором шавад дили мо

Совхоз ҳам аз рӯи он

Мегирад номи калон.

Ваъда рӯи ваъда шуд,

Сардори мо монда бишуд..

Бачаҳои хурдакак

Гардида акнун амак

Худи онон ҳамин сол

Боғча созанд эҳтимол.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед