Вадхоҳ
Чашмҳо махмур аз кайфи шароб,
Мечакад аз муйҳояш равганоб,
Он чӣ мехоҳад, бигӯяд беҳиҷоб,
Бо чунин минвол гардад ҳар куҷо.
Пеши роҳам дӯш пайдо гашт он,
Халтаи гапшуд кушода он замои,
Гар надонӣ, — гуфт, — бишнав,
ҷӯрачон, Гӯямат гапҳои нав чун ошно:
«Бенасиб аз мансаби худ шуд
Барот, Ҷояш ояд хеши мо Мирзонабот, Кори худро нағз медонад ҳаёт,
Навбат ояд ҳар киро дар осиё.
Гашт райпо аз раиси пук пок,
Ҳам мудири мо шудаст акнун ликок,
Мефитад имрӯзу фардо дар мағок,
Медиҳанд имшаб Сикандарро ҷазо.
Дина мошинҳои Аҳмадхону Ер
Сар ба сар кӯфтанд мисли кӯчқор.
Қарсасаш додӣ садо аз куҳсор, Қ-ин тамошои аҷибе шуд ба мо
Гӯӣ дорад аз қпёмат ҳам хаоар,
Банд бебандад туро роҳи гузар, То раҳо ёбӣ, шави хуни ҷигар,
Кас надонад, к-ӯ чӣ дорад муддао.
Хоҳад, аз афташ, зи мо ҳам инчунин
Бишнавад гапҳо чу аз ёри қарин, Об бидҳад то дили лабрези кип,
Лек танҳояст умре байни роҳ.
Муаллиф: Ашӯр Сафар