ВАФОИ ИШҚ
Корам набувад ҳасса бафардои қиёмат,
К-он доди Худо буд, ки афрохта қомат.
Дар ишқу вафо чора ба ҷуз додани ҷон нест,
Гӯям ба ту, чун нест дигар роҳи саломаат.
Тире занат имрӯз камонхонаи абрӯш,
Чун сина намуда ҳадафи тири маломат.
Дар дил ҳаваси дидани руи ту бувад, лек
Изҳор намудан натавон дарди муҳабат.
То нуҳ қабат ирӯз зиминро бишикофанд,
Аз хуни шиҳидони ту ёбанд аломат.
Бо накҳати бӯи гул зудфони сиёҳат
Тасбеҳ бигардон ба он дасти ибодат.
Ман дӯст ба но шайх ки дар ҳолати мастӣ
Дар пои хум андохта дастори имомат.
Чун лаззати паймон дар ин аст, Ғафурӣ,
Зинҳор, азизон, назанам лофи кромат.
Шарҳи худро нависед