Валекин боз мегӯянд мардум
Бие. чоно. ки ҷони ман туро бод,
Дили соҳибкиронн ман туро бод.
Бакори ман, хазони ман ту будй,
Баҳори ман. хазони ман туро бод!
Гами ҷони ман аз ҷонона пурсед,
1 абу сӯзи ман аз парвона пурсед.
Ҳар он розе, ки ман ногуфта рафтам,
11ас аз ман аз лаби паймона пурсед.
Аҷаб борони маҳшар буд имшаб,
Тамоми баҳру бар тар буд имшаб.
Замину осмон дар дасти борон,
Дилам дар дасти дилбар буд имшаб.
Барои ҳар саре сарбоз дорам,
Барои хар паре парвоз дорам.
Наметарсам зи оташбозии ишқ,
Ки ман худ табъи оташбоз дорам.
Як оҳ аз сад талоши мову ман беҳ,
Гила з-4ҳли Ватан андар Ватан беҳ.
Худои хешро дар хеш дарёб,
Ки аз сад б) тшикан як худшикан беҳ.
Биё то ҷон ба ҷон бошему бошем,
Нишони бенишон бошему бошем
Ҷаҳон бо мо сару коре надорад,
Ьарои ҳам ҷаҳон бошему бошем.
Биё бо ҳам ҷавон бошему бошем,
Ду дил ҳамошён бошему бошем
Ьарои дигарон бскадру арзон,
Барои ҳам гарон бошему бошем
Маро аз даҳшати хобе матарсон,
Маро аз хурдани тобе матарсон
Чу тӯфонзодаи дарёи дардам,
Маро аз мавҷи мурдобе мазарсон.
Биё, гарки тағофул кун, гули ман.
Даме таклиди булбул кун. гули ман.
Баҳор омад, дарахтон гул кушоданд,
Ту хам гул кун. ту хам гул кун. гули ман,
Зи ишқи ту қасам хурдему рафтем.
Фиреби дамбадам хурдему рафтем.
Ба уммеде, ки боре шод бошем,
Ҳазорон бор ғам хурдему рафтем.
Танамро пири афсурдаст, афсӯс,
Диламро зиндагӣ хурдаст, афсӯс,,
Замоне месурудам рӯзу шабҳо,
Кунун мурғи ди.чам мурдаст, афсӯс.
Дилам шуд косаи зардоб аз ишқ,
Сарам шуд чархаи гирдоб аз ишқ.
Валекин боз мегӯянд мардум:
Илоҷн худ, бирав дарёб аз ишк!
*
Сарам чархи барин аст, эй гули ман,
Рахам рӯи замин аст, эй гули ман,
Зи сангисгонаму лекин бари ту
Дилам абрешимин аст, эй гули ман.
Намегӯям маро дур аз гунах дор,
Ва ё ҷони маро дур аз кадах дор.
Маро аз душманон боке набошад,
Худовандо, маро аз ман нигаҳ дор!