ВАРАҚИ ИШҚ
То ҳалка садои ишқ дар гӯшам щуд,
Гӯё ҳама ганҷи кул фаромӯшам шуд.
То як ҷон рамақ аз ишқи ту пайдо кардам,
Бар ҷон рамақ аз ишқи ту пайдо кардам.
Худконам, бигӯ, ки худпарастии ту чист?
Эй беғаму дард, арзи ҳастии ту чист?
Кас бош дар ин умри ду серӯзаи хеш,
Дар ҳастии хеш рӯ ба пасти ту чист?
То ҳалка садои ишқ дар гӯшам шуд,
Гӯё хираду ақл фаромӯщам шуд.
То як варақ аз ишқи ту пайдо кардам,
Сад олиҳаи ҳусн дар оғушам шуд.
Донед, шиори мистиям пайваст аст,
Паймонаи манн рӯзу шабон дар даст аст.
Гар маст шавам, маро маломат накунет,
Соқӣ ба навси соғари худ маст аст.
Май мехураму ба касс маро нест,
Аз мушкил зиндагӣ маро боре нест.
Донед, азизион, ба шумоо мегӯм,
Манро ба ҷуз аз дори Худо доред нест.
Аз хурдани май баҳонаҷӯӣ накунед,
Аз худ нараведу ҳарзагӯӣ накунед.
Май талх, вале лазате вай щирин аст,
Май хурдаву пастию дурӯӣ накунед.
Ман май хураму маст шавам, ҳушёярам,
Дар масти худ маро бувад ашоърам.
Дар мастию ҳушёрӣ яке рафторам.
Ёрон, ёрон, ба дӯстӣ по мениҳед,
Дар сина ба кинаву ҳасад ҷо медиҳед,
Бар аҳду вафои хештан по меҳру вафост,
Бар аҳду вафои хештан по мениҳед.
Дар боми хонаат бубин, ей ёри беғараз,
Ку-кукунону давдавон як села кафтар аст.
Мирзо суруди гуфтаат ҳам болу ҳам пар аст,
Зеро ки дар фазо ба мо монанди ахтар аст.
Ин мурғ, ки мекунад саҳар навҳагарӣ,
Дорад савде ба хониши кабки дарӣ.
Хурсанд машав бар ивази шумо саҳар,
Шом аст радифи ҷовидони саҳарӣ,
Ин умр щабеҳи як хати паргор аст,
Паймудани сарбасар ба мо асрор аст.
Дар умр таваккуле ҳамебояд кард,
Дилхоҳи Худо, бале, ҳамин даркор аст.
Бо шеваву ноз меравад дилбари манн,
Дар рафту биё ҳамеша чун бовари манн,
Ӯ дар барии ман ҳамеша чун бовари ман,
Ман дар бари вай бошаму вай дар барии ман.
Эй дилбари хушхиром, худ медонӣ,
Бо лутфи Худо аҷаб садафдандонӣ
Бо дидани ту ба ларза ояд дили манн,
Куштӣ ту мааров бевофо чандонӣ.
Коса ба сарат аҷаб қадам мемунӣ,
Эй духтари фалғарӣ, балои ҷунӣ.
Аз ҳуснуҷамолу лафзи хубат гардам,
Бо шӯру шааф байту ғазал мехунӣ.
Эй дилбари ҷон, нигоҳи гармат мана кушт,
Дастам дидою дасти нармат, мана кушт.
Донӣ ту, надонӣ ин таманнои дилам,
Ҳам чашму нигоҳи пур зи шармат мана кушт.
Эй дилбари хуҷамол, нозатба мурам,
Рӯҳои сафеди ҳамчу моҳатба мурам.
Раҳме бинамо ба ҳоли бечорагиям,
Сар то ба қадам ва пеши поятба мурам.
Меболам аз он ки зодаи ин Ватанам,
Пайванд бувад ҳамеша бо ҷону танам.
Берун наравам зи марзи хоку баданам.
Хунест, ки ҷорӣ аст андар баданам.
Эй кош, ки дил маро чу дарё бошад,
Оромию амн ҳукмфармо бошад.
Аз авали асри бистуяк то охир
Бояд дили мардумон ба ҳам во бошад!