ВАСЛИ ВАТАН
Самои софи пурситора хоҳам,
Дили гарме чу оташпора хоҳам.
Ғазал абрешимӣ гӯям Ватанро,
Сутунашро зи санги хора хоҳам.
Зи хуршеди Ватан анвор чидам,
Шабашро ъхандаи маҳпора хоҳам.
Ба мисли рӯи модар ман ҳамеша,
Ба рухсори Ватан наззора хоҳам.
Парастувона бинмоям тавофаш,
Зи даргоҳи азизаш чора хоҳам.
Барои мардуми фарзонаи хеш,
Ватандорӣ дар ин сайёра хоҳам.
Ватан, эй ҳадяи Парвардигорам,
Вафову васли ту ҳамвора хоҳам.
Шарҳи худро нависед