Ватан асту мадори ҷону тан аст
Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст,
Ватан асту мадори ҷону тан аст.
Гунаҳи мост, ҳолия ин хок
Мадфани мурдагони бекафан аст.
Бо ҳама ашку хуну тиру туфанг,
Чӣ кунам, ин замин диёри ман аст.
Гарчи мерос монда аз Ҳурмузд,
Боз ҳам пойгоҳи Аҳриман аст.
Пур зи зоғу заған шуда ин бум,
Гузари булбулон ба марғазан аст.1
1. Баҳра аз байти:
Ҳар киро роҳбар заған бошад,
Гузари ӯ ба марғазан бошад.
Ройзан пур шудаст дар девон,
Ройзан нест, балки роҳзан аст.
Анҷуман мекунанд ҳар ҷое,
Худкушӣ раҳкушои анҷуман аст.
Ҳайфи Гурдофариди Фирдавсӣ,
Гурдзода бубин, ки гӯркан аст.
Гарданафроз мардуме будем,
Гарданомон ба ҳалқаи расан аст.
Дар диёри сухан суханвар нест,
Сӯхт ҳар кас, ки ошиқи сухан аст.
Сайру гашти чаман фаромуш кун,
То хулӯмон нуҳуфта дар лаҷан аст.
Байни мо баҳси мову ман то ҳаст,
Чамани гул ба қабзаи шаман аст.
Ҷанги байни маҳал аҷал овард,
Эй бародар, бас аст, дилбазан аст.
Як васият кунам, ба ёд бигир
Дар танат гар на ҳеҷ пираҳан аст,
Тоҷико, асли хешро дарёб,
Варна фардот бенишон шудан аст.
Бозёбии хеш агар хоҳй,
Бозгаштат ба асли хештан аст.
Навбати дови рӯбаҳон бигузашт,
Навбати шермарду шерзан аст!
* * *
Ин харобазамин диёри ман аст,
Марзи хунини ёдгори ман аст.
Чун мазори умедҳом ин ҷост,
Охируламр ҳам мазори ман аст.
ки ҷое 6а устод Рӯдакй ва ҷое 6а Унсури нисоат додаанд.
Оҳи ман гӯрро битарконад,
Оҳи ман оҳи рӯзгори ман аст.
Халқи тоҷик гар надорад пос,
Гӯри торик посдори ман аст.
Дар канори шумо нагунҷидам,
Хоки аҷдод ҳамканори ман аст.
Модарам рафт, низ биштобам,
Рӯҳи покаш дар интизори ман аст.
1993