ВАТАН АСТ

12891161_1004684876268365_4048628488510749407_o
Шаҳҷоизаи ягонаи ман Ватан аст,
Шаҳномаи пурфасонаи ман Вата наст.
Дар боғи ҷаҳон ҳазору як гул рӯяд,
Садбарги пур аз ҷавонаи ман Вата наст.
Натавон зи қаламраваш даме дур равам.
Кошонаи ҷовидонаи ман Ватан аст.
Мазмуни суруду шеъри ман меҳру вафост,
Шеъри тару шоиронаи ман Вата наст.
Нозидану болидани беҳамтоям.
Хушрӯзии дилбаронаи ман Ватан аст.
Бе номи Ватан на ном дорам на нишон,
Шаъну шарафу нишонаи ман Ватан аст.
Бо ӯст маро фазои оби олам,
Парвози кабутаронаи ман Ватан аст.
Аз ҳар тапиши дилам шунав овояш,
Ангезаи ошиқонаи ман Вата наст.
Бо гимнӯ нишону парчамаш менозам,
Олам-олам хизонаи ман Ватан аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед