Ватанам

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.
Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шиканам?
Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,
Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.
Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Е хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?
Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам…
Гуфт алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб!
Буздиле гуфт: фулонист мухотаб, на манам…
Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурӯ,
Дигаре гуфт: биё, маҳваши симинзақанам…
Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола,
Дигаре гуфт гами хонаву фарзанду занам…
Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Эй Хуросон, ту бигӯ, соҳати Эронвич ку?
Ман аз ин фоҷиа чун шиква ба яздон накунам?
Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург?
Ку дигар карру фару наъраи гулғулфиканам?
Рӯзу шаб аз гами ту гирякунон месӯзам,
Ту ба хун ғарқаю ман ғарқи малолу миҳанам.
Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сӯхт,
Ҳам на з-он аст ки шуд сӯхта бо»у чаманам,
Гиряи ман на аз он аст, ки гум шуд писарам,
Ҳам на з-он аст, ки абгор шуд аҷзои танам,
Гиряи ман на аз он аст, ки бечора шудам,
Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам,
Гирям аз он ки туро ҳукм ба куштан карданд,
Эй ту ҳам появу ҳам мояи инсон буданам
Гирям аз он ки зи бунмояи ин қисмати 1 алх
Ман сухан гӯям агар, нест касе ҳамсуханам!
Гирям аз он ки ба жарфои чунин фочиае
Нашавад хира кас аз ҳамнасабу ҳамватанам.
Гирям аз он ки ду-се бетарафи бешарафь
Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам
Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам, о ватанам о ватанам, о ватанам’
1996

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед