ВАТАНИ СОВЕТӢ

Маҳбуби  ҳама халқи ҷаҳон шуд Ватани мо,

Уммеди ҳама беватанон шуд Ватани мо,

 

Чун сар нафарозему тафохур нанамоем?

Шаъну шарафи одамиён шуд Ватани мо.

 

Садсола кас ин ҷо накунад шиква зи пирӣ,

Бо умри куҳан тоза ҷавон шуд Ватани мо.

 

Бо синаву сар ҳифз кунем, ки зи фошизм

Озодкуни аҳли ҷаҳон шуд Ватани мо.

1944.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед