Висоли ёр бошад гӯри ошиқ

Биё, рақси равонӣ кун, гули ман,
Бинои «Хусравонӣ» кун, гули ман.
Дилам хун гашта дар ёди ҷавонӣ,
Биё, рақси ҷавонӣ кун, гули ман.
Биё, ҳусни ҷавонат кам нагаштаст,
Хумори мижжагонат кам нагаштаст.
Шакарранҷе миёни мо агар буд,
Шакарханди лабонат кам нагаштаст.
Чӣ хусни толеъу фархундафолӣ,
Ки аз дур омадӣ бо дилкашолӣ.
Дилам аз шеър холӣ буд, холӣ,
Зи боло омадӣ, эй шеъри олӣ!
Туро бас дер ҷустам, вой бар ман,
Ғамонатро нашустам, вой бар ман.
Ба ёдат ними умрам рафт бар бод,
Гираҳ бар бод бастам, вой бар ман.
Туро ранҷондаму ранҷам фузун шуд,
Умеду орзуям сарнагун шуд.
Ман аз дарёдилии худ бинолам,
Ки дарёи дилам дарёи хун шуд.
Ало, эй ишқ, эй ганҷури ошиқ,
Туӣ раҳбони роҳи дури ошиқ.
Ман аз он ишқ безорам, ки рӯзе
Висоли ёр бошад гӯри ошиқ.
Куҷоӣ, ошиқи бегонаи ман,
Фаромуш кардй роҳи хонаи ман.
Агар сад сол ҳам ҷӯӣ ҳақиқат,
Н^меарзад ба як афсонаи ман.
Ало. рӯди равон, рӯҳу равонй,
Чу обат аз барам рафта ҷавонӣ.
Биё, лаб бар лаби сабзат гузорам,
Ки ман мемираму ту ҷовидонӣ.
Ҷаҳони пур зи нурамро ба ман деҳ,
Зуҳурамро, ҳузурамро ба ман деҳ.
Диламро занги ғамҳои ту хурдаст,
Дили поки булӯрамро ба ман деҳ!
Шабе гардам, шаби маҳтоб гардам,
Дилу ҷон нохушу нотоб гардам.
Дар ин дунёи обу гил, гули ман,
Биё, ки дар канорат об гардам.
Даратро кӯфтам, дар во накардй,
Ба ҳоли ҷони ман парво накардй.
Бихурдй з-обреза оби дарё,
Вале шукр аз худи дарё накардй.
Дарамро боз кардӣ, боз рафтӣ,
Ба сони шеъри беогоз рафтӣ.
Якс овоз кардй бар дари дил,
Валекин боз беовоз рафтӣ.
Муборак шӯри дарёи ҷавонй,
Расишҳою тапишҳои ҷавонӣ.
Дар ин дунёи пири пирафшон
Ҳумоюн бод дунёи ҷавонй!
Ало, эй халқи ман, гетифурӯзй.
Бисӯзӣ то ки беҳуда насӯзй.
Вале аз он ҷигархунам, ки имрӯз
Уқобонат шуда гу нчишкрӯзӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед