ВОҶИБОТИ НАМОЗ
Воҷиботи намоз ҳафт аст,
З-он ки аз Мустафо чунин рафтааст:
Фотиҳа замми сураи Қуръон,
Дар дуи аввал аз фариза бихон.
Лек андар татаввӯъу суннат,
Сура бо фотиҳа бикун заммат.
К-охиринаш чу аввалин бошад,
Сура бо фотиҳа қарин бошад.
Дар баландӣ баланд бояд хонд,
Ончи паст аст, паст бояд хонд.
Низ дар витр шуд қунут аён,
Боз таъдили ҷумлаи аркон.
Лек дар ид воҷиб афзояд,
З-он ки такбири ид мебояд.
Донад он кас, ки ҳусбате дорад,
К-андар ин боб нисбате дорад.
Қаъдаи аввал аз воҷибот аст,
Боз дар охираш атаҳиёт аст.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед