Восита
Ҳасрат, эй дил,_к-аз давидан сӯхтам,
Дарсп мансабҷӯӣ то омӯхтам.
Пеши ин рафтам, давидам сӯи оп,
Роз бикшуда, ҷавоб андӯхтам.
Шуд яке восита, гуфт: «Осуда бош,
Мекунам баҳри ту аз ҷон ман талош.
Бошадам Абдунабӣ ёри қарин,
Ки бувад бисёр ҳар ҷо ҷӯраҳош.
Мекунам воснта ӯро мухтасар,
Ӯ кунад восита як шахси дигар,
Ҷӯрае бар ҷӯра гардад восита, Нест аз восита роҳе хубтар».
Шуд ҳамели восита охир кашол,
Рафт нӯгаш то Хисору Ҷиргатол.
Рӯзе пурсиданд аз мап ихтисос,
Дар ҷавоби ин забонам гашт лол.
Муаллиф: Ашӯр Сафар
Шарҳи худро нависед