
ВОХӮРДАМ ҶОНОНАРО
Эй табиат, дар сарам андохтӣ афсонаро,
Синаам сӯзондаӣ вохӯрда як ҷононаро.
Шуд мунаввар хонаи дил аз зиёе ногаҳон,
Гӯиё кардӣ чаманзоре дили вайронаро.
Шамъи рухсораш бибида, пай бибурдам – аҳли назм
Месарояд аз чӣ боис ҷонфидо парвонаро.
Аз муҳаббат лаб кушоянд аорҳое одамон,
Беҳуда н-оранд ёди Қайсии девонаро.
Одамои ҳайратзада дӯзанд бар холам назар,
Гӯиё умре надида чун мани ҳайронаро.
Ин чӣ мафтунӣ балое, пайкарам сӯзи танӯр,
Бод бо ҳазле занад бар кокули ӯ шонаро.
Ӯлмасо, аз ошиқи девонагӣ шуд касби ту,
Ҳарф зан аз дарди худ, осуда мон бегонаро.
Шарҳи худро нависед