ВЫГОВОР

Вақте шудам сардори кор,

Рафтам зи худ беихтиёр.

Саҳву хато дар кори ман

Чун мӯи сар шуд бешумор.

Маҳсули корам як ба як

Тақдир шуд бо выговор.
Бо ин нагаштам ман сара,

Дар ҷилва буд он манзара.
Аз вақ-вақи кори сабил

Гаштам тамоман бефара.
Хуҷам бимонданд аз дигар,

Гуфтанд: якто выговор.
Гарчи шудам кам-кам ҳазин,

Беҳтар нашуд корам аз ин.
Фанду фиреби ман ҳама

Овоза шуд рӯи замин.
Бори дигар бо ҷон харид

Ин ҷони манро выговор.
Ҷои наве гаштам калон,

Хилват шудам он ҷо равон.
Бо кас накардам хайрухуш,

Будам зи бас кутаҳзабон.
Бигзашт бо ман ҷои нав

Чун дӯст ҳамро выговор.
Ин ҷой хам бо карру фар

Қардам ба кори хеш сар.

Аз худ намудам пули мӯл
Бо роҳи найранги дигар.
Доданд баҳри «хизматам»

Инъому савғо выговор.
Умре шуд он ёри ман аст,

Таърихе аз кори ман аст.

Аз вай нагардам ман ҷудо,

Бас, ҷӯши бозори ман астч

Ҳар ҷо, ки гардам банди кор

, Бошад муҳайё выговор.
Даҳ ҷо шудам сардор ман,

Як солӣ кардам кор ман.
Сад кайфу роҳат кардаам

Аз дигарон бисёр ман.
Шуд ҷӯраи ҷонӣ маро

Андар ҳама ҷо выговор.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед