ХАЙР, ЭЙ РӮЗИ ГУЗАШТА
Хайр, эй рӯзи гузашта, хайр, хайр
Дафтари шеъру суруди гумшуда.
Хайр, эй як зарраи нури басар,
Рафтию аммо нарафтӣ беҳуда.
Рафтӣ аз ман – ҳиссаи умри азиз,
Мисли барги сабз аз шохи дарахт.
Лек аз ту монд осоре ба ман
Хотироту номи неку ишқ, бахт.
Чанд гоҳе мисли барги сабз ту
Нури хуршеди ҷаҳон овардиям.
Гоҳ бо ғам, гоҳ бо шодии ишқ,
Бо навозиш, бо ситам парвардиям.
То ба ҷоят сабз гардад барги нав
Рафтӣ, рафтӣ, ҷой додӣ баҳри ӯ.
То нагӯяндат, ки ҳастӣ бенишон
То нагӯяндат, ки эй, нақши ту ку?
То дари дарвозаи рӯзи дигар
Бе ягон ҳарфе гуселондӣ маро,
То ки фардо боз бинам офтоб
Ту худат бо он шиносондӣ маро.
Гӯиё будӣ иҷозатномае,
То бубинам рӯзи навро хубтар,
Бе ту асло ки намегардад насиб
Дидани рӯзи дигар, рӯи дигар!
Хушдилам аз он ки дар оғӯши ту
Ман ба сарвақти муҳаббат сӯхтам.
Сӯхтам аз дасти бемеҳрии ёр,
Сӯхтам, аммо вафо омӯхтам!
Афв бинмо, афв бинмо, ман туро
Сабт нанмудам ба таърихи ҷаҳон.
Хомии кори ҷавониро бубахш,
Қодири эъҷоз не табъи ҷавон!
Рӯзҳои дар ҳисоби умри ман,
Рӯзҳо, эй рӯзҳои файзбор,
Рӯзҳое, ки маро парвардаед,
Аз шумо ман қарздорам, қарздор!
Рӯзҳо, эй дӯстам, эй душманам,
Рӯзҳо, эй мумсикони пурсахо.
То ба фардои муҳаббат ҳам расам,
Дасти ман гиред, ман дасти шумо!
17.9.1962
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ