ХАЗОНРЕЗ

Ба сӯи киштаҳои зард акнун
Парешон мевазад боди хазонрез,
Ба сӯи пуштаҳои зард акнун
Парешон мехазад боди хазонрез.

Ғубор афтода дар ҳусни гулистон,
Ҳавои боғ акнун гард дорад.
Ба ёди навбаҳорони гулафшон
Дили ошуфтаи ман дард дорад.

Агарчӣ тира рӯи тирамоҳ аст,
Вале аз рӯи деҳқон нур борад.
Хазонрези табиат бегуноҳ аст,
Ба дастурхони деҳқон файз орад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед