ФАВОИДИ ХИДМАТИ НЕКОН
То тавонӣ, эй писар, хидмат гузин,
То шавад аспи муродат зери зин.
Банда чун хидмат бари мардон кунад,
Хидмати ӯ гунбазӣ гардон кунад.
Баҳри хидмат ҳар кӣ барбандад миён,
Бошад аз офтоби дунёььдар амон.
Ҳар ки пеши солеҳон хидмат кунад,
Эзидаш бодавлату ҳурмат кунад.
Ходимонро баст дар ҷаннат ба об,
Рӯзи маҳшар беҳисобу беазоб.
Ҳодимон бошанд ахвонро шафеъ,
Ҷои эшон дар ҷаҳон бошад рафеъ.
Гарчи ходим осию муфлис бувад,
Беҳтар аз сад обиди мумсик бувад.
Медиҳад ҳар ҳодимеро мустиъон,
Аҷру музди соимону қоимон.
Баҳри хидмат ҳар кӣ барбандад камар,
Аз дарахтӣ маърифат ёбад самар.
Ҳар кӣ ходим шуд, чунонаш медиҳанд,
Ҳам савоби ғозиёнаш медиҳанд.
Шарҳи худро нависед