Хор бар по
То кай чу гул нишинам, дар хун тапида бе ту,
Хорам шикаста бар по, дастам бурида бе ту.
Бе рӯйи ту нигоҳам, сайдест захмхӯрда,
Мижгон бувад ба чашмам тири хазида бе ту.
Аз бӯйи сандал ояд, дарди сарам ба фарёд,
Аз ёди сурма афтад хокам ба дида бе ту.
Барги хазон ба рӯям силизанон нишаста,
Эй гул, биё, ки умрест рангам парида бе ту.
Аз банди интизорӣ бигдохт ҷисми зорам,
Бар киштзори сабрам офат расида бе ту.
Сарриштаи умедам аз дасти ғам гусиста,
Пероҳани ҳаётам бар тан дарида бе ту.
Бар зонуи таффакур дорам сари иродат,
Дар зери бори кулфат пушатм хамида бе ту.
Чун, Сайидо, надорам бо хеш ошноӣ,
Гардам ба шаҳру саҳро аз худ рамида бе ту.
Шарҳи худро нависед