ХОТИМА
Аз барои ту ин қадар гуфтам,
Ёд гираш, ки мухтасар гуфтам.
Ҳар кӣ инро ба сидқ бархонад,
Воҷибу фарзу нафлро донад.
Ҷони хонандаро худои карим,
Бираҳонӣ ту аз азоби алим.
Ҳар ки аз мо кунад ба неки ёд,
Номи ӯ дар ҷаҳон ба некӣ бод.
Наваду нӯҳ чу рафт шашсад сол,
Аз вафоти расул то имсол.
Нимае аз ҷимодулаввал,
Буд к-ин назм гашт мустакмал.
Раҳмати ҳақ нисори хонанда,
Бар нависандаву расонанда.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед