Хотира дорам
Дили маy аз дили ту қисса-қисса хотира дорад,
Қади ман аз қади ту ғамза-ғамза хотира дорад.
Агарчи оинаи қаднамои хотираам,
Шикаста, аз ту вале реза-реза манзара дорад.
Ба ман нафас ба нафас будӣ, чу нафас будӣ,
Ба ман нафас ба нафас чун ҳаво ту бас будӣ
Чи ҷумлае, ки ба ман гуфтӣ, лаб ба лаб гуфтӣ,
Лаби ман аз лаби ту мазза-мазза хотира дорад.
Ба марзи синаам аз хушаҳои абрӯят,
Ба марзи хотирам аз хӯшаҳои гесӯят
Ҳазор қитъа туро киштаму дарав кардам,
Ки дастам аз камарат қабза-қабза хотира дорад.
Ҳазор ҷашну арӯсиву базму даврон буд,
Туро ба мисли сафедор рацеи ларзон буд,
Маро ба мисли сафедор рашки ларзон буд,
Ҳазор бандам аз он ларза-ларза хотира дорад.
Чу хандаҳои баландат баланд шаршара дошт,
Ҳавои шаршараҳо дошт, боди гулдара дошт.
Даруни синаам аз хуну дар ду чашм аз ашк.
Чу сел хотираҳояш баланд шаршара дорад.
Хулоса, бе ту чанорам, чанори хотираам,
Ки аз ту то қадамам пӯст-пӯст хотира дорам.
Хулоса, бе ту заминам, замини хотираам,
Ки аз ту дар бағалам сабза-сабза хотира дорам.
Хулоса, бе ту камонам, камони хотираам,
Ки аз ту дар ҷигарам ранг-ранг хотира дорам.
Хулоса, бе ту саробам, сароби хотираам.
Ки аз ту дар назарам ҳавза-ҳавза хотира дорам.
Баҳори 1998, Seattle
Муаллиф: Бозор Собир