Худою Худованд

Худро чу соя дар таҳи девор ҷо макун!
Дилро чароғи гӯшаи мотамсаро макун!
Паҳлу бар остонаи навдавлатон манеҳ,
Аз ноҳуни паланг ба худ муттако макун!
Дасти ҳавас зи неъмати алвон кашида дор,
Бар хони халқ пайравии иштиҳо макун!
Ҳамчун нигин, ва бол ба иқболи дигаре,
Парвоз аз ғурур ба боли ҳумо макун!
Бар боди ходисот равӣ зуд ҳамчу мавҷ,
Ҳамчун хубоб, хона зи дарё ҷудо макун!
Ку марҳаме, ки ёр шавад комёб аз ӯ?
Дарде агар расад ба ту, ӯро даво макун!
Силӣ хӯрӣ ба рӯйи худ аз сар-сари хазон,
Дар боғи даҳр сина, чу гул, бар ҳаво макун!
Оби бақо зи соғари фағфури Чин махоҳ,
Чашми тамаъ ба косаи дасти гадо макун!
Имдоди худ зи гӯшанишинӣ талаб намой,
Афтӣ агар зи пой хаёли асо макун!
Эй Сайидо, ба аҳли ҷаҳон розӣ дил магӯй,
Бегонаро ба ҳар сухане ошно макун!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед