ЯК РӮЗИ БЕКАСӢ

Дасту поям канда шуд аз осмон,
Канда шуд меҳри дилам аз дӯстон.
Ёри ширинам ба соғар заҳр рехт,
Ҷои меҳр андар дили ман қаҳр рехт,
Ишқ дар ман мурду ёре ҳам намонд,
Аз ғами ширини ӯ ҳам ғам намонд.
Тобаи холӣ намудам офтоб,
Осмон як ҷоми холӣ аз шароб.
Пеши чашмам рӯди паҳно хушк шуд,
Худ ба худ печидаву хомӯш шуд.
Эй худо, дар ин ҷаҳон одам чӣ аст?
Одамӣ гар ин бувад, олам чӣ аст?
Дафтари ашъори худро сӯхтам,
Чун аз он бедонишӣ омӯхтам.
Он қадар аз хомаи ман хомӣ буд,
Ки ҳама номоварӣ гумномӣ буд.
Он қадар ҳастии ман ангора дошт,
Ки маро ангорааш овора дошт.
Он қадар дар гирдбоди зиндагӣ
Ёд овардам зи ёди зиндагӣ,
Он қадар сер аз дағалбозӣ шудам,
Ки ба марги хештан розӣ шудам…
* * *
Ман барои ту дилам месӯзад,
Ки ту аз ишқ пушаймон шудаӣ.
Аз нахустин хатаре кебида1,
Роҳи бемониа ҷӯён шудаӣ.
Аввал аз оташи пурсӯзи дарун
Чеҳраат лоласифат меафрӯхт.
Чашм бар чашм ту мекардӣ нигаҳ,
Аз нигоҳат ҳама ҷонам месӯхт.
Чун ту ошиқ будӣ, мефаҳмидам.
Аввал андар суханат лоф набуд.
Ваъдаи ахтари саъд аз гардун
Ваъдаи мулки паси Қоф набуд.
Аввали ишқи ту чун субҳи сафед
Равзани матлаи хуршеде дошт.
Аввали ишқи ту бар хонаи дил
Омаданҳои ту як иде дошт.
Аввал… оваҳ, ту чи зебову бадеъ,
Чи қадар маҳзи назокат будӣ.
Ончунон нестӣ имрӯз, афсӯс,
Ки дар оғози муҳаббат будӣ.
Дӯш дидам, ки ба дил оҳат нест,
Ҳам зи ман, ҳам зи ҷаҳон дилзадаӣ.
Ту бирафтӣ дари дил барбаста,
Ман бирафтам ба дари майкадае.
Ман барои ту дилам месӯзад,
Ки ту аз ишқ пушаймон шудаӣ.
Балки на аз ману аз ишқу ҷунун,
Балки аз хеш гурезон шудаӣ?..
8.5.1982
* * *
Сода будам, бахудо, сода, ки зуд
Ба қасамҳои ту бовар кардам.
Ҳама ҳарфе, ки ту гуфтӣ бари ман
Мисли байти сара аз бар кардам.
Сари ман чарх зад аз ваъдаи ту,
Ман саропой туро дил дидам,
З-одамистони ҷаҳони ноқис
Як туро одами комил дидам.
Бори аввал, ки туро медидам,
Метаровид асал аз суханат.
З-омаданҳои ту гул мекардам,
Гӯиё дошт баҳор омаданат.
Бори аввал, ки туро бӯсидам,
Дар лабам ахтари уммед шукуфт.
Оташе дар шараёнам бидавид,
Дар дилам шуълаи хуршед шукуфт.
Бори аввал, ки кушодӣ оғӯш,
Ту зи сар то қадам оташ будӣ.
Ҳам дилозору дилорой маро,
Ҳам балокору балокаш будӣ.
Бори аввал, ки дил овардӣ ба ман,
Зиндагӣ дар дили ман исён кард.
Бори аввал, ки зи ман дил бурдӣ,
Зиндагӣ сер маро аз ҷон кард.
Бори аввал, ки ту якрӯ будӣ,
Як дилам сад ғами ишқатро дошт.
Баъд чун мурдӣ ту андар назарам,
Сад дилам мотами ишқатро дошт.
Баъд дар хандаи ту барқ намонд,
Баъд дар чеҳраи ту шодӣ набуд.
Баъд андар дили меҳрободат
Бахудо, заррае ободӣ набуд.
Баъд меомадию мерафтӣ
Ҳамчунон сояи беҷону хамӯш.
Ку ҳама оташи пуршуълаи дард?
Ку ҳама ғулғулаю ҷӯшу хурӯш?
Ку ҳама ваъдаю паймону вафо?
Ку ҳама хушхабари бахти тамом?
Бачча будам, бахудо, баччаи гӯл,
Сода будам, бахудо, содаю хом…
* * *
Боз омад тирамаҳ бо баргҳои зарди хеш,
Бо ситези гирдбоду бо ғубору гарди хеш.
Орзуҳои ҷавонмарги мананд ин баргҳо,
Ки ба рӯи хок мерезанд оҳу дарди хеш.
Бори аввал, к-аз қазо ними нигаҳ дидам туро,
Дар хазонрезони танги тирамаҳ дидам туро.
Ман хазонафшону ту маҳзи гулафшони баҳор,
Шоири ғарқи гунаҳ, эй бегунаҳ, дидам туро.
Ту зи мулки навбаҳорон сӯи ман меомадӣ,
Бо навои обшорон сӯи ман меомадӣ.
Ёд меовард аз чил соли ман чил кокулат,
Бо суруди обшорон сӯи ман меомадӣ.
Тозаву тар будӣ мисли сабзаи наврустае,
Покрӯ будӣ ба сони барги бороншустае.
Сӯи ман меомадӣ бо орзуҳои дароз,
Сӯи ман меомадӣ аз хештан ворастае.
Чашмҳоят роҳҷӯи кишвари афсона буд,
Ормонат хостори ошиқи девона буд.
Синаат чун синаи хоки баҳорон медамид,
Дарди ишқат орзуманди дили фарзона буд.
Мегузаштем аз миёни боғҳои тирамоҳ,
Ту ба ҳусни сабзу ман бо доғҳои тирамоҳ.
Хотири ту пур зи нузҳат мисли Наврӯзи бузург,
Хотири ман холӣ мисли лоғҳои тирамоҳ.
Ман ғазал мехондамат аз заъфарониҳои умр,
Ту ғазал мехондиям аз гулфишониҳои умр.
Ман дарахти заъфарону ту дарахти арғувон,
Ман хазону ту гули тар аз нишониҳои умр…
Боз омад тирамаҳ бо баргҳои зарди хеш,
Бо ситези гирдбоду бо ғубору гарди хеш.
Мову ту гар дар баҳорон рӯ ба рӯ меомадем,
Кай чунин нолидаме аз қисмати номарди хеш?
* * *
Ҳар гаҳе бо ханда бикшоӣ лабатро,
Хандаат қуфли диламро мекушояд.
Ҳар гаҳе ширин бихандӣ ҷониби ман,
Зиндагӣ рангину ширин менамояд.
Дар лабони туст шаҳди зиндагонӣ,
Дар нигоҳи туст нури орзуҳо.
Дар адои туст пайғоми муҳаббат,
Дар садои туст пайки ҷустуҷӯҳо.
Ҳар гаҳе аз дур оӣ рӯ ба рӯям,
Чун ғизоли кӯҳсорон аз баландӣ,
Бишкуфад чун чеҳраи ту хотири ман
Аз ҳама зебоиву зебописандӣ.
Мерасӣ аз дур мисли дастаи нур,
Дар нафасҳоят ҳама шӯри муҳаббат.
Чашмҳоят бо ҳама барқи худодод
Мефишонад бар дилам нури муҳаббат.
Мерасӣ аз дури дуриҳои уммед,
Мераҳӣ аз ҳалқаи шакку гумонҳо,
Мефизоӣ шираи ҷон дар вуҷудам,
Мекушоӣ дар замирам бекаронҳо.
Мерасиву ханда мерезӣ ба рӯям,
Дар вуҷудам ғуссаву андуҳ бимирад.
Боз дастонам ба рағми дасти кӯтаҳ
Сахттар аз домани дунё бигирад.
Ҳар гаҳе бо нозу истиғно бихандӣ,
Гӯиё тақдир механдад ба рӯям.
Ғунчаи лабро чу ҳар боре кушоӣ,
Мекушояд ғунчаҳои орзуям.
Гар набошад хандаҳои нурборат,
Зиндагиям беш аз шоми сияҳ нест.
Гар набошад хандаҳои беғуборат,
Зиндагиям ғайри такрори гунаҳ нест.
Пас, мабодо кам шавад аз давлати ман
Хандаҳоят, хандаҳои дилрабоят.
Пас, мабодо кам шавад аз қисмати ман
Хандаҳоят, хандаҳои ҷонфизоят…
* * *
Пас аз чандин сабуриҳо
Ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо,
Нигоҳат ташнагиҳои муҳаббат дошт,
Садоят ташнагиҳои саодат дошт.
Пас аз он пурғуруриҳо
Ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо,
Зи худ вораставу бо дил напайваста –
Дили сад бор бишкаста…
Пас аз он бевафоиҳо,
Зи ҷони худ ҷудоиҳо
Маро дарёфтӣ аз шеърҳои дардолудам,
Ки аз дурии ту ҳам ҷону дил, ҳам хома фарсудам.
Пас аз чандин ғам овардан,
Пас аз қадди расоямро хам овардан,
Чӣ гӯям баҳри таскину тасаллоят?
Чӣ посух месазад баҳри тазаррову таваллоят?
Чӣ гӯям, эй умеди мурдаи ман,
Ки ишқи одамӣ ҳам мисли ҷони одамӣ
як бор мемирад.
Дигар эҳё нахоҳад шуд,
Дигар он гумшуда пайдо нахоҳад шуд.
Агар дар шеърҳои ман маро дидӣ,
Агар худрову ишқи бебарори мурдаро дидӣ,
Ба зону бар замин биншину омин кун,
Зи ашки лолагун рухсора рангин кун.
Ва бар ман бин миёни байтҳои дардолудам,
Ки вақте ошиқат будам,
Ки қадрашро надонистӣ
Ва ё дарвақт донистан натонистӣ…
Агар хоҳӣ, бигӯям бо ҳама овоз,
Ки аз он шеърҳои пур зи сӯзу соз
Ҳама фармуди ишқи номуроди туст,
Ва ҳам аз ман дуои шодбоди туст!
13.11.1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед