Як боғи пур аз имон якбора бишуд толон

На мову на ман ҳастӣ, ин мову манихо чист?!
Дандон зада бар дандон. дуниву даниҳо чист!
Аз хеш нарафтӣ дур, то хеши диле ёбӣ,
Бе мазхаби худсозӣ ин худшиканиҳо чист?!
Аз хешпарастият бехёштанй имрӯз,
Бе хеши дилу нийят, бехештанихо чист?!
Ҳар чй ба даҳан ояд, на зеби сухан ояд,
Дандони фаросат ку?! Ин бедаҳаниҳо чист?!
Бегонаписандият вайронаписапдияст,
Бо толеъи бадфарҷом ин хушсуханиҳо чист?!
Як боғи пур аз имон якбора бишуд толон,
Ин решаканиҳо чй, ин тешазаниҳо чист?1
Бар пузаи зарде, к-ӯ аз дарди ту бедард аст,
Худ бодбадастӣ ту. ин бодазаниҳо чист?!
Гӯрат биканад ине, бар он фиканад оне,
Дар хоки худофармуд ин бекафаниҳо чист?!
Эй мардуми кӯҳамсол, Фарҳод бизой охир.
То теша ба дастат не, ин кӯҳканиҳо чист?!
1990

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед