Анори дона – дона
(суруди чинакчиён)
Як дона гул ду дона,
Анори дона дона.
Мо омадем ба саҳро,
Бригадир дар туйхона.
Дар боғи мо шафтолу,
Ниҳоли себу олу,
Бригардир одами нағз,
Аммо занаш дуруғгӯ.
Як дона гул ду дона,
Анори дона дона.
Янга ба саҳро баро.
Гуфтем накун баҳона.
Об омаду об омад,
Об ба сад печу тоб омад.
Ин пагоҳӣ аз янга
Ин гунна ҷавоб омад:
— Як дона гул ду дона,
Анори дона дона.
Ман завҷаи бригадир,
Бояд шинам дар хона.
Шарҳи худро нависед