ЯК РӮЗ МАН ҲАМ МЕМУРАМ
Дар пеши чашми одамон, як рӯз ман ҳам мемурам,
Аз чашми мардум ё ниҳон, як рӯз ман ҳам мемурам.
Раҳме надорад ин аҷал, на хуб гӯяд на касал,
На пир гӯяд на ҷавон, як рӯз ман ҳам мемурам.
Армон ба дил дилдодагон рафтанд бар хоки сияҳ,
Бо сад умеду ормон, як рӯз ман ҳам мемурам .
Дӣ мурд як ҳамсоли ман, эй бехабар аз ҳоли ман,
Дур аз канорат ногаҳон, як рӯз ман ҳам мемурам.
Дунё, ки як санҷиш бувад, ҳар як қадам ранҷиш бувад,
Афтода аз ин имтиҳон, як рӯз ман ҳам мемурам.
Бою раисон мемуранд, пасту хасисон мемуранд,
Шодӣ кунед, эй нокасон, як рӯз ман ҳам мемурам.
Чун сад таманно дар дил аст, мурдан бароям мушкил аст,
Афсӯс, аммо дӯстон, як рӯз ман ҳам мемурам.
Имрӯз аз сӯи шумо гардидаам ман эътироф,
Ҳарчанд фарзанди замон, як рӯз ман ҳам мемурам.
Ашъори ман баҳри шумо мақбул н-афтад, дӯстон,
Донед беному нишон, як рӯз ман ҳам мемурам.
Мурданд шоҳу ҳам гадо бовар надорад ҳеҷ кас,
Бовар кунед нобоварон, як рӯз ман ҳам мемурам.
Муаллиф: Кӯҳзоди Фатҳулло
Шарҳи худро нависед