ЯК НИГОҲ

Бо шумо бахшем ҷонро, баҳри мо бас як нигоҳ,
Бо яке наззора бинмоед моро истилоҳ.

Бар даме з –ин марҳамат маҳрум мехоҳед кард,
Не аҷаб созед дунёро ба чашми мо сиёҳ.

Чашм не чашми шумо, бал чашмаи оби ҳаёт,
Бо чӣ санъат кимиё ангехт дар ин чашм илоҳ.

Мо фақат дорем ҷону меҳр аз моли ҷаҳон,
Садқаи ҷони шумо дорем он беиштибоҳ.

Гар вуҷуд оташ занад, хокистаре гардад дилам,
Ман ғуломат мешавам, эй ёр, беганҷу силоҳ.

Гар гадо бехайр ронӣ аз дарат бошад гуноҳ,
Хайри чашми шӯхатон моро, шумо ҳам бегуноҳ.

Ӯлмас ар аз сеҳри чашмони шумо монад ҷудо,
Аҳли олам сурати девории ӯро гувоҳ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед