Якеро аз барои бахти нася

Ҷавонию ҷавонию ҷавонӣ,
Фарозу шеби дунёро надонӣ.
Дилатро хун кунӣ, чун дил шавад пир,
Биёмӯзӣ тариқи дилситонӣ.
Замоне роҳу манзил доштам ман,
Ба мисли рӯд соҳил доштам ман.
Дили ман об шуд байни ду соҳил
Дареғо, як замон дил доштам ман.
Бисӯзам, то ки нурамро бубинанд,
Равам, то роҳи дурамро бубинанд.
Бимирам ончунон мушкил, ки мардум
Ба ҳайрат хоки гӯрамро бубинанд.
Гирифтори туам, бинмой тадбир,
Сазовори туам, манмой таъхир.
Лаби дарё биё, бӯсам лабатро,
Ки дарёи дилам мехушкад охир.
Туро аз бахт пайдо мекунам ман,
Ҷамолатро тамошо мекунам ман.
Тӯро то як нафас бо ман гузоранд,
Худоёнро тавалло мекунам ман.
Агар мо давлати дунё надорем,
Агар мо неъмати дунё надорем,
Сару савдои мо савдогарй нест,
Ҷавонию дили девона дорем.
Ду чашми равшанам оинаи туст,
Китоби шеъри ман ганҷинаи туст.
Фаромӯшам макун, то зинда бошӣ,
Ки Лоиқ ошиқи деринаи туст.
Дили мо доимо байни ду санг аст,
Дили мо доимо бо мо ба ҷанг аст.
Даруни сина муште бештар нест,
Агар шӯрад, ҳама дунёш танг аст.
Ба зери осмон фардем, эй дӯст,
Ҳама аҳли ғаму дардем, эй дӯст.
Барои он ки беҳуда намирем,
Чи мушкил зиндагӣ кардем, эй дӯст.
Ҳама фарзанди мо қобил наояд,
Ҳама раҳҷӯй бар манзил наояд.
Ба ҳар як тир як сайде наафтад,
Зи ҳар як шеър бӯи дил наояд.
Чу санги кӯҳҳо носуфтаам ман,
Чу ганҷи кӯҳҳо бинҳуфтаам ман.
Ҳама донанд шарҳи ҳоламу лек
Дареғо, қиссаи ногуфтаам ман.
Гаҳе ёру гаҳе бор аст дунё,
Гаҳе тору гаҳе дор аст дунё.
Надонад қимати мардон, агарчанд
Харидор асту бозор аст дунё.
Ту бо ман бош қоим, эй маҳи ман,
Ту бо ман бош доим, эй маҳи ман,
Ки бар мӯи дарозат баста бошад
Ҳама савдои умри кутаҳи ман.
Якеро бемаҳал сарсахт зоданд,
Дигароо бармаҳал бар тахт зоданд.
Якеро аз барои бахти нася,
Дигарро баҳри нақди бахт зоданд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед