Якумр аз раҳи дил — аз манзиле ба манзил

Дар мағз-мағзи ҷонам ғамҳои ту бимирам,
Бо гуфтугӯи ишқат бегуфтугӯ бимирам.
Якумр аз раҳи дил — аз манзиле ба манзил
Бас ҷустуҷӯт кардам, дар ҷустуҷӯ бимирам.
Дар орзуи рӯят бигзашт зиндагиям,
Дигар чи орзуе, з-ин орзу бимирам.
Чун аҳди ту шикастам, дил бо сабӯ бибастам,
Гар по зи роҳ монад, пои сабӯ бимирам.
Мастии бода бигзашт, мастии ишқ боқист,
Теғи нигоҳи мастат андар гулӯ бимирам.
Ҳар гоҳ пеши рӯям ояд аҷал, малулам,
Нодида сер рӯят ман бо чӣ рӯ бимирам?!
Як бор дидани ту бахти накӯи ман буд,
Некӯ назистам гар, шояд накӯ бимирам
Марде барои шуҳрат, марде барои қавлат,
Гар марг пурсад аз ман. ман баҳри ту бимирам!…
1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед