ЁДИ МОДАР

Модарам, ей модарам, эй модарам,
Модари дар зиндагӣ бахтоварам.
Меҳри покатро ба дил мепарварам,
Чун ту ҳастӣ такягоҳу ёварам.

Модаро, боломақомӣ,
Мояи номусу номӣ.
Ҷони ҷонӣ, ҷони ҷонӣ,
Баҳри моён ҷовидонӣ.

Ей Худоё, рост гӯям
Хотири болида дорам.
Бас ки меҳри модарамро
Дар дилу дар дида дорам.

Модаро, рафтӣ зи олам,
Баҳри ту то чанд нолам.
Ман намедонам, ба олам,
Чун шавам баъди ту холам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед