Ёди зиндагӣ

Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу аҳдҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб, ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд.
Сӯхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,
Теғи ноҳақхӯрда сайди бисмилам омад ба ёд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед