
ЁФТ ТАХТИ ЧАМАН АЗ БАХТИ ҲУМОЮН ҒУНЧА
Ёфт тахти чаман аз бахти ҳумоюн ғунча,
Тоҷвар низ шуд аз толеъи маймун ғунча.
Боғро чашм расидаст магар аз наргис,
Ки баровард лабу медамад афсун ғунча.
На ки чун дар чаман афрӯхта шуд оташи гул,
Мекунад оташи ӯро ба дам афзун ғунча.
То зи олойиши хун ҷомайи худ созад чок
Ба каф оварда зи шабнам кафи собун ғунча.
Ахгаре дар даҳану хуллайи сабзе дар бар,
Хабаре медиҳад аз Мӯсову Ҳорум ғунча.
Аз даҳонаш бадар афганд чу моҳийи адам,
Дар таҳи барқ ниҳон аст чу Қорун ғунча.
Пораҳойи зару мисс рехта дар кӯра ба ҳам,
Кимиёгар шуда дар боғ чу Қорун ғунча.
Худрайи зар нигараш, бо гиреҳи пешонӣ
Ҳаст чун аҳли замон тангилу чун ғунча.
Дар чаман теғу сипар дид чу аз савсану гул,
З-он сабаб худ ба сипар омада берун ғунча.
Хурдаҳойи зари худ сарф насозад ҳаргиз,
З-он ба бӯстон ба бахилӣ шуда матъун ғунча.
Дар чаман, к-аш зи пайи тӯйи баҳор ойин баст,
Гул бувад тифли сабо, дояву хотун ғунча.
Субҳад булбули нолон ба чаман ҳасбулҳол
Ғазале хонд, ки шуд волаву мафтун ғунча.