Ёр намепурсад ҳеҷ

Аз мани дилшуда он ёр намепурсад ҳеҷ,

Хабаре з-ин дили афгор намепурсад ҳеҷ.

Дӣ ба сарманзили ман омаду аҳвол бидид,

Гуфт: — Чун аст туро ёр намепурсад ҳеҷ?

Гуфтамаш:- Бахти ману толеъи шӯридаи ман,

Хаста мебинадам он ёр, намепурсад ҳеҷ?

Ӯ табиби ману ман хаставу бемори ғамаш,

Чун табиб аст, ки бемор намепурсад ҳеҷ?

Ҷонам аз фурқати рӯяш ба лаб омад сад бор,

Ки аз ин дилшуда он ёр намепурсад ҳеҷ.

Дӯш дар хоб рухи чун маҳи ӯ медидам,

Ба ман ӯ гуфт: — Туро ёр намепурсад ҳеҷ?

Эй табиби азалӣ, як назаре кун моро,

Ҳофизи сӯхтаро ёр намепурсад ҳеҷ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед