ЁРИ ДИЛ

Як лаҳзае, як соате
Дар хилвате, беминнате
Бо ман бимон, бо ман бимон,
То бо ту дорам давлате.
Дарё маҷӯ, дарё манам,
Дунё маҷӯ, дунё манам.
Ёри дили танҳои ту
Танҳо манам, танҳо манам.
Биншин, ки бинам рӯи ту,
Дасте барам бар мӯи ту.
То рангу бӯи зиндагӣ
Ёбам зи рангу бӯи ту.
Дарё маҷӯ, дарё манам,
Дунё маҷӯ, дунё манам.
Ёри дили танҳои ту
Танҳо манам, танҳо манам.
Пеш о, ки қурбонат шавам,
Қурбони чашмонат шавам,
Гаҳ сарфишон, гаҳ ҷонфишон
Бар мӯи афшонат шавам.
Дарё маҷӯ, дарё манам,
Дунё маҷӯ, дунё манам.
Ёри дили танҳои ту
Танҳо манам, танҳо манам.
2.1.1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед