ЗАБОНГУМКАРДА

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигарс
Хештанро бенишон гумкардае.
Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,
Дигаре ганҷи равон гум кардааст.
Ин яке гар ними нон гум кардааст,
Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.
Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,
Он яке шӯру шарар гум кардааст.
Ин яке гум карда гар моли падар,
Дигаре панди падар гум кардааст.
Гар яке бому даре гум кардааст,
Дигаре ному фаре гум кардааст.
Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,
Ин забони •модарӣ гум кардааст.
Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон
3-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.
Бок не, гар доварӣ гум кардааст
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Он яке қадри сухангумкардае,
Дигаре боғу чамангумкардае.
Аз забонимодаригумкарда лек
Мерасад рӯзе ватангумкардае…
♦ ♦ ♦
Гар намебудӣ ту яктои дилам,
Кай чунин маҳбуби мардум мешудам?
Гар намебудӣ ту пайдои дилам,
Бе ту ман дар зиндагӣ гум мешудам.
Гар набошӣ, хона дорад бӯи ғам,
Гар ту бошӣ, хона дорад бӯи мушк.
Гар ту бошӣ, хок гирам, зар шавад,
Гар набошӣ, зар бигирам, хоки хушк…
Гар Зарафшон аст як рӯдеву бас,
Ту яке не, сад Зарафшони манӣ.
Гар Зарафшон хушк гардад то Бухор,
Ту намехушкӣ, ту дар ҷони манӣ.
Ту гули боғи ҷавонии манӣ,
Ҷони ман бо ҷони ту омехтаст.
Ту мадори зиндагонии манӣ,
Дасти ман бар гарданат овехтаст.
Кӯдакони покзоду хандарӯ
Шукри иллаҳ, ҳамқади мову туанд.
Гар набошад сарватемон дар бисот,
Кӯдакомон сарвати мову туанд.
Дӯстон гӯянд гаҳ бо ҳазлу ҷид
Ҳамсари ту шоири олӣ шуда.
Худ ба худ мегӯӣ шояд зери лаб —
Хона пур аз шишаи холӣ шуда.
Ғайри кафшу мӯзаҳои кандагй,
Ғайри ҷомашӯиву цӯзандагӣ,
Ғайри мастии ману дӯғу даранг
Ту чй дидй аз ҳаёту зиндагй?
Баъди он шабгардию рӯн туруш
Мастии пайдарпаю шармандагӣ,
Шишаи пур гар гузорӣ рӯн миз,
Зиндагӣ пур мешавад аз зиндагӣ.
Ҳар якеро бо ҳазорон ранҷу таб
Парваридӣ ту зи тору пуди ҷон.
Дар ҷавониҳои фарзандони хеш
Ман туро ҳар лаҳза мебинам ҷавон.
Ғайри бори риштаҳои зиндагӣ
Шаддаи марҷон надорад ғарданат.
Ман чй овардам, ки бахтат шод шуд,
Ҷои он микдор бахт оварданат?
Андар ин дунёи бемаъниву пуч
Ту чӣ дидӣ ғайри мастиҳои ман?
Эй сарат аз санг бодо, ки бапост
Зиндагии бесару бепои ман.
Кошкӣ аз ҷумла гулҳои ҳаёз
Аз гули рӯят маро гулдаста бод.
Як сари мӯ то рамақ бошад маро,
Зиндагониям ба мӯят баста бод!
Кошкй го лаҳзаҳои вопаснн
Зиндагиям пур зи длдори ту бод.
Гар зи ту андар ҷаҳони маргбор
Пештар мирам. худо ёри ту бод!
23.12.1993

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед