ЗАБОНӢ МОДАРӢ

Забони модари ман худодод аст,
Забони илму фан, эъҷоз еҷод аст,
Ба гуфтори забони тоҷикӣ мирам,
Аз он ки шеваи шевои аҷдод аст.

Ман нома ба номи кас накардам,
Инъоми касе ҳавас накардам.
Ба он чи буду набуд тақдим,
Як сатр ба касс абас накардам.

Водии Зарафшон ҳама дурру гуҳар аст,
Якто гуҳараш Ғафури соҳибназар аст.
Ин кӯҳи баланд баландии ҳиммати ӯст,
Хушбоду ҳавову хуштарин дар назар аст.

Лаб-лаби дарё равам бо хаёл,
Кош, донӣ ҳоли манн амри муҳол,
Кош як бори дигар ман бинамат,
Ҳеҷ гоҳ аз манн набошиӣ дар малол.

Ҷони беҳуда меканад Фарҳод,
Бебақо зиндагӣ бувад, эй дод!
Ишқи пок худ барии Хусрав,
Медиҳа Ширин ҳамо барбод.

Ҳақиқат ҷустаму шабҳо нахуфта,
Нашуд ҳосил мурод, аз он чи гуфтам.
Ҳақиқат ҷуста, рӯ кардам ба мардум,
Ҳақиқат шуд миён мардумон гум.

Шавад рӯзе, ки ояд хотират ин қассаҳои манн,
Ба ёд орӣ, наорӣ ҳам, фаромӯшат нахоҳам кард.
Агарчи зиндагӣ садсола умреро ба ман бахшад,
Ба ҳар рӯзу ба ҳар як дам фаромӯшат нахоҳам кард.

Эй ҷӯра, биё, ҷӯра, ба хобам,
Дар ҳасрати ту аз дилу ҷон гашта кабобам.
Раҳме бикуну ою ба ҳоли зорам бинигар боз,
Аз дури ту дар ғами ту дар табу тобам.

Ман ааз он рӯзе, ки худ бишнохтам,
Пои худ дар роҳи ҳақ бинҳодаам.
Нағз медонам, ки манн кистам,
Марди сарозоду ҳам озодаам.

Эй духтари Каздонӣ,
Чун себаки хубонӣ.
Бо ҳусни худододат
Маҳтобака мемонӣ.

Хандоҳоят меҳр арзон мекунад,
Бӯсаҳоят ёди ҷонон мекунад.
Сухбати гуфтори гуфтору лаҳни хоси ту
Дарди дилро нек дамон мекунад.

Ҳавас дорам ба он зулфони мушкин парешонам,
Ба майдон ояд он дилбар ба он зулфони чавгонаш.
Саропо мешавам мафтун, надорам чораи дигар,
Гирифторам ба доми ӯ мани сарсону ҳайронаш.

Ҷонам фидои номи ту, хокат ба дидаам,
Дардат занад азизи, дил , меҳмони манн биё.
Меҳру муҳаббат асту ин олам тамом ҳеҷ,
Меҳмони манн шавӣ агар бар хони манн биё.

Соқӣ, тубидеҳ бода, ки имрӯз баҳор аст,
Чашмони сиёҳат чу хушу рух чу анор аст.
Мо рақсконон даст ба гардан бигузорем,
Аёми сабӯву қадаҳу бӯсу канор аст.

Шодам зи матсии худу аз ҷому кушодаам.
Ман бар рӯи ҳар касу нокас кушодаам.
Марде ба роҳи мардию мардонагӣ равон,
Бар нокасони зиндагӣ кардан надонаам.

Эй дил, ки ман пазмонатам,
Ҷони манӣ, манн ҷонатам.
Бар Каъбаи дил хонамат,
Хоҳам, хамеша донамат.

Ман мурам, эй нозанин, бар чашми шахлоят мурам,
Бар нигоҳу ҒабҒабу зулфу саропоят мурам.
Нуктафаҳму нуктасанҷу нуктадонӣ, эй азиз,
Ҳам бар он лутфи латифу ҳусни зебоят мурам.

Соли нав омад, рафиқон, соғару мино гиред,
Дастҳои ҳамдигарро дӯстон, гиро гиред.
Чун ба табрик азизону ҳабибон меравед,
Як-ду соғар азбарои хотири Мирзо гиред.

Зиндагӣ як бор меояд ба кас,
Умри аз мо рафта н-ояд бозпас.
Мо ҳама меҳмони ин кашонаем,
Аз ҳамин хотир ғанимат ҳар нафас.

Эй шеър, туӣ ҳаёту ҳам ҳастии ман,
Дар равзаи зиндагӣ баланду ҳам пасти манн.
Вақте ки сухан садоқаташ шеър шавад,
Аз кайфияташ ҳамефизояд ин масти ман.

Ин қадар даъвои ҳастӣ мекунад симинбадан,
Майл бар долову пастӣ мекунад симинбадан.
Бо латофат лутф ббар мо мекунед ӯ гоҳ-гоҳ,
Гӯиё мастона матсӣ мкунад симинбадан.

Салом, эй зодгоҳам, деҳаи Дарғ,
Туӣ пушти паноҳам, деҳаи Дарғ.
Ба ҳар ҷое, ки будам, бо ту будам,
Ту ҳастӣ такягоҳам деҳаи Дарғ.

Ман аз Дарға, хушо фалғартаборам,
Будам зебо ҳама ҷою ҷаворам.
Ба дил бошам ҳамеша меҳри покаш,
Агарчи дурр аз хешу таборам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед