Замини фуруши

Кӯҳ паҳлу бар Замин монад зи бори дарди мо,
Чархро созад мушаббак тири оҳи сарди мо.
Каҳрабо худро ниҳон созад ба зери барги коҳ,
Гар бигирад парда аз рухсор ранги зарди мо,
Фӯтаи зорӣ шавад дар боғи тавқи қумриён,
Гар равад сӯйи гулистон сарви фуруши яктогарди мо.
Ҳастии мо хоксоронро шавад асбоби айш,
Равшан аст имрӯз чашми гирдбод аз гарди мо,
Шеваи чархи ситамгар доимо оҷизкушист,
Алҳазар, эй дӯстон, аз душмани номарди мо!
Сайидо, моро набошад туҳфае ғайр аз ниёз,
Дасти вои мо бувад имрӯз роҳоварди мо.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед