ЗАМИНИ БОРИ АВВАЛ КИШТ ГАРДИДА

Замини бори аввал кишт гардида,

Ба дунё чашм медӯзад ба мисли кӯдаки навзод.

Туро, эй марди деҳқон, бар сари гаҳворааш дида,

Гаҳе механдаду гаҳ менамояд гиряву фарёд.

 

Ба чашмони ту аз ин хандаҳам шодист,

Аз ин гиряҳам шодист,

Ки аз онҳо нидои зиндагӣ бар гӯш меояд.

Дар онҳо инъикоси рӯи ободист,

Замини як замон хомӯш чун бар ҷӯш меояд.

 

Замини асрҳо бекорхобида

Кашад чун шарбати ҷонбахш оби ҷӯйборонро,

Ба оғӯши фарох аз бахт болида,

Кунад таклиф бар ин сӯ шукӯҳӣ навбаҳоронро.

 

Нарезад то ки бефарқ аз рухи хуршед,

Дигар бар хоку гил он зарраҳои гарми тиллоӣ,

Кушояд сабз дастурхон ба сад умед,

Ки зебоӣ бирезад боз аз нав рӯи зебоӣ.

 

Замини ҷомаҳои зарҳалипӯшам,

Ба фасли тирамаҳ овард хирман-хирмани эҳсон.

Қадаҳ пур карда бар бахти шумо нӯшам,

Заминҳои навоободам, набуд фатҳи шумо осон!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед