Замоне бӯсаборон буд ҳаққи мову гулборон
Ту, эй беахду бепаймон, маро бигзоштӣ, рафтӣ,
Ту, эй бемеҳру беимон, маро бигзоштӣ, рафтӣ.
Балогардони ҷон будӣ, балои ҷон шудӣ охир,
Ба зери чархи саргардон маро бигзоштӣ, рафтӣ.
Замоне бӯсаборон буд ҳаққи мову гулборон,
Кунун бо жолаву борон маро бигзоштӣ, рафтӣ.
Қасам рӯи қасам хурдӣ, барои ишқ ғам хурдӣ,
Дар охир бо ҳазор армон маро бигзоштӣ, рафтӣ.
Лаби Варзоб лабҳои туро бӯсида будам ман,
Ба соҳил дур аз туғён маро бигзоштӣ, рафтӣ.
Дар ин дунёи бесомон маро нашнохтӣ, афсӯс,
Дар ин паҳнои бепоён маро бигзоштӣ, рафтӣ.
Замоне ошиқат будам замоне лоиқат будам,
Дареғо, чун дилозорон маро бигзоштӣ, рафтӣ.
1980
Шарҳи худро нависед