Замоне гар саропо будам оташ
Бигӯям ростат, ғар ростоӣ,
Чунин дурӯяву дудал чароӣ?
Чу зикри пул равад, имон фурӯшӣ,
Ба масҷид лек дар зикри худоӣ.
Аз ононе, ки пурсабру хамӯшанд,
Напарҳезед, аҳли тобу тӯшанд.
Аз онон, ки зи майдон мехурӯшанд,
Бипарҳезед, кишвар мефурӯшанд.
Ғами ту ҷуз ғами коло набудаст,
Муроду мақсади воло набудаст.
Ту аз хоби гарон бедор гаштӣ,
Вале чашми дилат бино набудаст.
Ғурурат, шуҳратат, нангат куҷо шуд?
Шукӯҳат, шавкатат, ҳангат куҷо шуд?
Туфу бар он камони зангхӯрда,
Камоли фарру фарҳангат куҷо шуд?
Дилам дар коҳдуди ғам нишаста,
Шикаста, вошикаста, вошикаста,
Зи дасти чашмбаста раҳнамое,
Зи дасти раҳкушои поӣбаста.
Касе гул кошт, бояд гул бичинад,
Касе хун рехт, андар хун нишинад.
Чунин пастй. ки дар Боми ҷаҳон буд,
Худоё, душмани тоҷик набинад.
Туро гоҳе мазаммат карда бошам,
Бидон, ки арзи миннат карда бошам.
Гар аз холи харобат ҳарф гуфтам,
Бидон, қасди мараммат карда бошам.
Аз ин дилномаҳо дилномаат ку?
Зи Ҷоми Ҷам бифахрӣ, ҷомаат ку?
Нишони хомият дидам зи ҳад беш,
Нишони пухтагӣ аз хомаат ку?
Бидон, аз ношиносон нестам ман,
Туфайлихори хосон нестам ман.
Худоро мешиносам, шукри Аллоҳ
Аз он худношиносон нестам ман.
Ҷавонмардони ту бас ноҷавонанд,
Тавонмандони ту бас нотавонанд.
Ало миллат, чи сон ёбӣ раҳи рост,
Ки бархе ҳаҷравонат каҷравонанд.
Куҷо шуд шавқу шӯри беқаринам?
Куҷо шуд байтҳои нозанинам?
Замоне гар саропо будам оташ,
Дареғ, имрӯз хокистарнишинам.
Чӣ гӯям, буғзу кин боло гирифтаст,
Касифе минбари мавло гирифтаст.
Каманди шеър суст омад, сад афсӯс
Каманди тир дунёро гирифтаст.
Дилу ҷонат зи ғам коҳид, афсӯс,
Ҳама об аз сарат шорид, афсӯс.
Ба гардунҳо расид оҳу фигонат,
Вале ҳамсояат нашнид, афсӯс.
Зи асли худ пушаймон шуд дили ман,
Зи буди худ гурезон шуд дили ман.
Зи дасти ин ҳама хушкидамағзон
Биёбон дар биёбон шуд дили ман