Замоне ишқи ту бахти дилам буд
Сабуксорй мизоҷи мо набудаст,
Сабукбори ривоҷи мо набудаст.
Ба ҷуз шсърс, ки дилвб аст чун ишқ,
Нибзу эқтиёҷи мо набудаст.
Забонвар қаҳт шуд, алкан биҷӯсм,
Табар гум кардаву сӯзан биҷуем.
Зи садқо хирмани барбодрафта
Кунун як донаи арзан биҷӯсм.
Ҷабини кӯх. нур аз нақши чин аст,
Ки гӯй мисди мо андӯхгин аст.
Ва ё монанди мардони хирадманд
Ба гам дармонда, побанди замин аст.
Басо фарсуда мирад. ҳаифи одам,
Басо олуда мирад, ҳайфи одам
Биҷӯяд қанду бсчора хурад фанд,
Басо бехуда мирад, ҳайфи одам.
Чу ту ман ҳам замоне вола будам,
Саропо дард будам, нпла будам.
Ба монанди ту ошиқ будаму маст,
Ба монанди ту қаждаҳсола будам
Азоби шоирӣ осон набошад,
Ки нони шоирй арзон набошад.
Ту масти пул, вале масти гулам ман.
Чунин мастии мо яксон набошад
Зи чашмони ту чашмам об хурдаст,
Дилам чун милахлят тоб хурдаст
Касс васли туро осон гумон кард,
Шароби бахтро дар хоб хурдаст.
Парешон меравад дарёи умрам,
Пушаимон меравад дареи умрам.
Чу ҳар дам мешавад як чашмааш хушк,
Пурарм >н меравад дарёи умрам.
Касе, ки мункири эъҷоз бошад,
Ба нашри носазо мумтоз бошад.
Накӯмардо, чӣ ҷои шиква аз саг.
Даҳони саг ҳамеша боз бошад.
Дили ман. эй дили бебовари ман,
Сари ман, эй сари бедовари ман,
Чу санги осиё гаштию гаштӣ,
Накардӣ орд бори хотири ман.
Туӣ ҳамхонаю ҳамгӯри ошиқ,
Гули шодоби чашну сури ошиқ,
Туро диду надид ӯ сад ҷаҳонро,
Чӣ биноест чашми кӯри ошиқ!
Кунун аз зиндагӣ ранҷидаам ман,
На он худбовари шӯридаам ман.
Чу аз дил рафз дарди ишқи сӯзон,
Ба кулли дардҳо жӯлидаам ман.
Замоне ишқи ту бахти дилам буд,
Ба вақте кӯи ту рахти дилам буд.
Масӯзон номаҳоямро дар оташ,
Ки ҳар як нома як лахти дилам буд.
Фалак маҷмӯаи роз аст эй дӯст.
Аҷу зи ҳилапардоз аст, эй дӯст.
Калиди куфли шодй гум шуда, лек
Дари ғам доимо боз аст, эй дӯст.